Государственный сберегательный банк Таджикистана
Amonatbank (Государственный сберегательный банк Республики Таджикистан) — крупнейший государственный банк страны с самой широкой филиальной сетью. Ведёт историю как национальный сберегательный институт и остаётся ключевым каналом выплаты пенсий, социальных пособий и зарплат бюджетникам. Предлагает вклады, платежи, коммунальные сервисы, карты и денежные переводы. Мобильное приложение «Амонат мобайл» (издатель Amonatbonk GSB RT) обеспечивает доступ к счетам, платежам и переводам.
ИЗҲОРОТИ РАСМИИ АМОНАТБОНК Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» вобаста ба навори видеоие, ки давоми рӯзҳои охир дар баъзе саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҳолати гӯё нав дар яке аз филиалҳои Бонк интишор гардидааст, чунин иттилоъ медиҳад. Навори мазкур воқеаи нав набуда, ҳанӯз соли 2020 дар филиали №43-и Амонатбонк дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон сабт шудааст. Ҳол ати мазкур ҳамон вақт, баъди интишори аввалини навор, аз ҷониби роҳбарияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба корманди дар навор инъикосгардида чораҳои дахлдори интизомӣ андешида шуданд. Корманди мазкур аз вазифа озод гардида, айни ҳол дар низоми Амонатбонк фаъолият намекунад. Бо вуҷуди ин, баъзе саҳифаҳои ғайрирасмӣ навори шаш сол пешро бе нишон додани сана ва шарҳи воқеии ҳодиса ҳамчун рӯйдоди имрӯза дубора паҳн намуда истодаанд. Чунин тарзи пешниҳоди иттилоъ метавонад дар ҷомеа тасаввуроти нодуруст ба вуҷуд оварда, хонандагонро нисбат ба ҳолати воқеии хизматрасонӣ ба иштибоҳ андозад. Амонатбонк ҳуқуқи шаҳрвандон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро барои баён намудани андеша, эрод ва мушкилоти мавҷуда эҳтиром менамояд. Ҳамзамон, аз масъулони саҳифаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки пеш аз интишори мавод сана, манбаъ ва саҳеҳии маълумотро санҷида, наворҳои кӯҳнаро ҳамчун ҳодисаҳои нав муаррифӣ накунанд. Дубора интишор намудани маводи кӯҳна бо сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда, бе зикри сана ва натиҷаи баррасии қаблии он, на ба ҳалли мушкилот, балки ба зиёд намудани боздид, вокуниш ва шумораи обуначиёни саҳифаҳои алоҳида мусоидат мекунад. Чунин муносибат ба принсипҳои пешниҳоди иттилои саҳеҳ, мутавозин ва масъулиятнок мутобиқат намекунад. Дар солҳои охир Амонатбонк ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, рақамикунонии амалиёт ва коҳиш додани зарурати ҳузури мизоҷон дар филиалҳо тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд. Дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №
Источник: Telegram-канал →📲 Онлайн-қарз бо Амонатмобайл — зуд, осон ва қулай! Акнун шумо метавонед бидуни ташриф ба филиали бонк тавассути замимаи «Амонатмобайл» онлайн-қарзро аз 5 000 то 30 000 сомонӣ бо фоизи солонаи 18% дастрас намоед. Барои гирифтани қарз: ✅ Ба замимаи «Амонатмобайл» ворид шавед; ✅ Равзанаи «Қарзҳо»-ро интихоб намоед; ✅ Дархости худро ирсол кунед. Қарзи худро бо чанд қадами оддӣ ва дар вақти муносиб дастрас намоед! 📞 Маълумоти бештар тавассути Маркази тамос: 1885 Амонатбонк — ҳамқадами шумо дар ҷаҳони хизматрасониҳои рақамӣ.
📢 ХУШХАБАР АЗ АМОНАТБОНК! Бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва рушди иқтисоди кишвар, Амонатбонк фоизи як қатор қарзҳоро коҳиш дод. ✅ Фоизи қарз барои соҳаи саноат аз 18% ба 15% паст карда шуд. ✅ Фоизи қарз барои соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 18% ба 16% коҳиш ёфт. 🏡 Ҳамзамон, шаҳрвандоне, ки мехоҳанд соҳиби манзили истиқоматӣ гарданд, метавонанд тавассути ширкатҳои шарики Амонатбонк аз қарзи ипотекӣ бо 14% солона ва ҳамагӣ бо 20% пешпардохт истифода баранд. Аз имкониятҳои нави Амонатбонк баҳра баред ва қадами устувор ба сӯи рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва соҳиби манзил шудан гузоред! Амонатбонк – бонки мардумии Тоҷикистон
Источник: Telegram-канал →Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Амонатбонк давоми нимсолаи якуми соли 2026
Источник: Telegram-канал →Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Амонатбонк давоми нимсолаи якуми соли 2026 Санаи 17-уми июли соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода И.Ш., муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б., муовинони раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории саридораи Бонк ширкат варзиданд. Дар оғози нишаст раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2026 маълумот доданд. Маълумотҳои пешниҳодгардида оид ба пардохтпазирӣ ва афзоиши тавозун, фоида ва саҳмгузорӣ ба буҷети давлатӣ, амонатҳо ва маҳсулоти нави пасандози рақамӣ, сандуқи қарзӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, иқдомҳои қарзӣ, рушди маблағгузории ипотекӣ ва имтиёзҳои қарзӣ, рушди маблағгузории сабз, рушди рақамикунонӣ, афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, сифати хизматрасонӣ ва тамос бо мизоҷон, шабака ва инфрасохтори хизматрасониҳо ва ғайра иборат буд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд. Аз ҷумла оид ба афзоиши дороиҳои Бонк, манбаи асосии афзоиши фоида, иқдомҳои қарзӣ, қарзҳои ипотекӣ, қаллобии рақамӣ, азнавбақайдгирии дорандагони кортҳои бонкӣ, барномаи мобилии Амонатмобайл, ва ғайра суолҳо пешниҳод гардид. Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бештар: https://amonatbonk.tj/tj/about/press-center/news/nishasti-matbuot-oid-ba-nati-a-oi-faoliyati-amonatbonk-davomi-nimsolai-yakumi-soli-2026/
Источник: Telegram-канал →